МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БО САРБОЗОНУ АФСАРОН ВА КУРСАНТОНИ ДОНИШКАДАИ ОЛИИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

03.10.2022 08:37

 

Санаи 1 сентябри соли 2022 дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истиқболи 30 солагии иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Самӣ Шариф Ҳамид, муовинони Раис ва мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор ва сохторҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Зимни баромади хеш Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид аз хизмату заҳматҳои шабонарӯзии сарбозону афсарони кишвар, бахусус сарҳадбонони шуҷои ватан, дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, дастгириҳои беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти фароҳам овардани шароити созгор ба хизматчиёни ҳарбӣ дар пойтахт намунаи волои таваҷҷуҳ ба ин қишри ватандусту шуҷоъатманд маънидод намуд.
Ҳамчунин курсантони Донишкада зимни баромади хеш миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои пайваста ва ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон баён намуданд.
Дар фарҷом меҳмонон аз лавозимот ва синфхонаҳои омузишии донишкада дидан намуда, ба фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.
Дар арафаи мулоқот бо дастгирии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарияти тарабхонаи «Бухоро» дастархони идона ва хуроки нисфирӯзи барои сарбозону афсарон ва курсантони донишкада ташкил карда шуд.