ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 31 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ”

10.09.2022 09:41

 

Санаи 9 сентябри соли 2022 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» бахшида ба таҷлили ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ва намоиши дастовардҳои миллӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар баргузории чорабинии идона Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовинони Раиси ноҳия, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф, саноату иқтисод ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дидан намуданд.
Пас аз намоиши дастовардҳо дар амфитеатри муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» табрикоти Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид бахшида ба 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Сипас маросими қадрдонии як қатор роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, онҳо бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Пас аз қадрдонӣ, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки сарояндагони шинохта бахшида ба таҷлили 31- солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор карда шуд.