ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ ЛИТСЕЙИ №5 ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

02.09.2022 10:22

 

Санаи 1 сентябри соли 2022 бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе нахуст бо бардоштани парда ба кори Литсей оғоз бахшида, бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар он шинос гардиданд.
Сохтмони муассиса тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, аз ҷониби ҶДММ «Толеъ» ба роҳ монда шудааст. Фармоишгари Муассисаи таълимӣ МД «Раёсати сохтмони асосӣ» маҳсуб ёфта, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶСК «ПИЛТ САНИИОСП» анҷом дода шудаанд.
Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 350 нафар пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дар масоҳати 3664м2 бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво аз ҷумла: озмоишгоҳои химия, физика, синфхонаҳои таълими меҳнат, компютерӣ, биология, ҳарбӣ, ибтидоӣ, умумӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона бо 120 ҷойи нишаст мебошад.
Раиси шаҳри Душанбе масъулинро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ва таъмини шароити таълимӣ диққати бештар зоҳир намоянд.