Ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ ва оммавию варзишии ҷавонону варзишгарони пойтахт дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

24.08.2022 09:38

 

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкили ва омодагӣ, баргузор намудани ҷашни 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 августи соли 2022 дар доираи Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ ва оммавию варзишии ҷавонону варзишгарони пойтахт баргузор карда шуд.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши мазкур муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Наргис ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар оғоз сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳама ҷавонону варзишгарони пойтахтро ба муносибати 31 - уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, сипас барномаи рангини варзишӣ ба намоиш гузошта шуд.
Иттилоъ додашуд, ки ин тадбир шурӯъ аз 22 август оғоз гардида, то 7 сентябр ҳамарӯза дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад, ки дар он дастовардҳо илмиву эҷодӣ, варзишӣ, ба намоиш гузошта шуда, дар қатори ташкили маҳфилҳои китобхонаву шоми эҷодӣ, китобхонӣ, қироати шеъру таронаҳо дар васфи истиқлол, навозиши асбобҳои мусиқӣ, расмкашӣ, барномаи фарҳангӣ бо ширкати ҳунармандон пешниҳоди сокинону меҳмонони Душанбе гардонида мешавад.