БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

03.08.2022 08:38

 

Санаи 2 августи соли 2022 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмуни стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Озмунро Маҳмудзода Нусратулло Пӯлод - мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ифтитоҳ намуда, ширкаткунандагони озмунро барои иштироки фаъолонаашон дар баргузории озмун бурдбориҳоро таманно намуданд.
Ҳамзамон, дар кори озмун муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Шарифзода Наргис Достӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Раҳимзода Шоҳзод Абдулфатоҳ, муовини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон - Раҳимзода Умед ва Шаҳобов Сайалӣ - мудири Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.