Боздид аз рафти таъмири муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

03.08.2022 08:10

 
Санаи 2-юми августи соли 2022 бо иштироки бевоситаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ва муовини Раиси ноҳия Шарифзода Наргис, мудири бахши маорифи ноҳия Кучарзода Ҳусния ва мудири бахши меъморӣ, шаҳрсозӣ ва идораи замини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Юсуфзода Бахтиёр аз рафти таъмиру рангубори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ дидан намуда ва бо бошандагони ин муассисаҳо суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.
Зимни суҳбат Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои таъмирӣ дастуру супоришҳои мушшахас доданд. Инчунин аз ҷониби Раиси ноҳия ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва иштирок намудан дар олимпиядаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ чораҳои заруриро андешанд.
Хотиррасон менамоем, ки таъмири муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия то санаи 10 августи соли ҷорӣ ба анҷом мерасад ва ба соли хониши 2022 - 2023 омода мегарданд.