Ҷамбасти озмуни даври ноҳиявии “Душанбе - шаҳри гулрез” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

08.07.2022 15:32

 

Бо мақсади таъмини иҷрои талаботҳои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 октябри соли 2021, №579 ва иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 23 ноябри соли 2021, №434 “Дар бораи гузаронидани озмуни ноҳиявии гулҳо “Душанбе – шаҳри гулрез” дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, озмуни ноҳиявии гулҳо “Душанбе – шаҳри гулрез” дар панҷ номинатсия, аз ҷумла “Боғи беҳтарин”, “Гулгашти беҳтарин”, “Хиёбони беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин” ва “Гулпарвари беҳтарин” гузаронида шуд.
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси ноҳия Муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид, муовинони Раиси ноҳия, Раисони боғу гулгаштҳо ва фаъолони ноҳия ҷамъбасти озмуни даври ноҳиявии “Душанбе - шаҳри гулрез” дар ноҳия гузаронида шуда, ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми ин номинатсияҳо, диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид қадрдонӣ гардиданд.