Таҷлили Рӯзи пойтахт дар боғӣ фарҳагӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ

16.04.2022 11:56

 

15 апрели соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бахшида ба рӯзи пойтахт чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, фаъолони ноҳия, роҳбарони муассисаҳо, мудирони боғчаҳо, меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанбе иштирок намуданд ва аз рафти баргузории чорабинӣ дидан намуданд, ки дар он кӯдакони муассисаҳои томактабӣ ва толибилмони мактабҳои миёна бо нишон додани саҳначаҳои ҷолиб, хондани шеъру сӯрудҳо бахшида ба шаҳри Душанбе нштирокдоронро шоду масрур гардониданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси ноҳия суханрони намуда, тамоми сокинони пойтахтро ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо тандурустӣ, хушбахтӣ ва иқболи баланд таманно намуда, ба пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ободию шукуфоии доимӣ орзу намуданд.