Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум

10.03.2022 14:06

 

10-уми марти соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати шашум баргузор гардид
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1.Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои солҳои 2019-2022 Шарифзода Н.Д.
2.Ҳисоботи муовини Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16 ноябри соли 2021, №425 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022” ва муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт оиди ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе Абдуллозода В.Ғ.
3.Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кўдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ» Табарӣ М.Ҳ.
4.Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №9 Асрорзода А.С.
5.Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №19
6.Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №19
7.Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №19
8.Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.