Таҷлили “Рӯзи Модар” дар ноиҳяи Исмоили Сомонӣ

04.03.2022 14:10

 

Санаи 4-уми марти соли 2022 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Модарон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф, муовини Раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовинони Раиси ноҳия, зонону бонувони фаъоли ноҳия иштирок намуданд, сараввал Раиси ноҳия ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик намуда, ба ҳар яки онҳо пеш аз ҳама, саломатӣ, хӯшбахтӣ ва рӯзгори орому осударо таманно намуда, тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.