АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ БАХШИДА БА ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

28.02.2022 08:57

 

Имрӯз вобаста ба иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2022, таҳти №65 оид ба таҷлили таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру дастгирии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф ба аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Абдуллоев Хаскаш (соли таваллуд 1924), Ятимов Сафар (соли таваллуд 1925), Сафаров Мадулло (соли таваллуд 1926) ва Генерал полковник Сайдамир Зуҳуров намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафтанд.
Дар рафти аёдат собиқадорон иброз доштанд, ки бо ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буда ва қайд намуданд, ки айни замон Артиши миллӣ қодир аст, амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми ватанро пурра таъмин намояд.