Вохӯрии масъулини “Амонатбонк” бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

24.01.2022 10:42

 

24 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, тибқи дархости Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин Салом аз 13 январи соли 2022 №1-5, баргузории вохӯрии масъулини бонки мазкур бо фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ, баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф, сардори идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Ҳақназарзода Ҷурабек ва мутахассиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” Изатзода Шомил ва Асоева Файзигур – мудири филиали №77 “Амонатбонк” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.