Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022

14.01.2022 17:42

 

14 январи соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласа, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва имомхатибон иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси ноҳия Сафарзода Шарифхон, муовинони Раиси ноҳия Шарифзода Наргис Достӣ ва Абдуллозода Воҳид оид ба фаъолияти соҳаҳо дар соли 2021 ҳисобот доданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф ба масъулин барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дода, вазифаҳоро барои соли 2022 муайян намуданд. Ҳамчунин, Раиси ноҳия ба масъулини соҳаи маориф супориш дод, ки натиҷаҳои талиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, дастовардҳоро зиёд намоянд.