? ЭЪЛОН: ? ЭЪЛОН: ? ЭЪЛОН: ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

07.04.2026 10:23

 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон аз 1 январи соли 2026, №АП-950, оид ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», иттилоъ медиҳад, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур дар ҳудуди ноҳия баргузор мегардад.
____
? Ҳадафи озмун
Озмун бо мақсади:
• рушди тафаккури илмӣ ва техникӣ
• ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ
• дастгирии ихтироъкорӣ ва навоварӣ
• дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав
ташкил ва баргузор карда мешавад.
____
? Номинатсияҳо
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин баргузор мегардад:
• математика
• физика ва астрономия
• химия
• биология
• география
• технологияҳои иттилоотӣ
• зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ
• ихтироъкорӣ ва навоварӣ
____
? Иштирокчиён
Дар даври ноҳиявӣ киҳо метавонанд иштирок намоянд:
• хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ
• хонандагони литсей ва гимназияҳо
• донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбӣ
• омӯзгорон ва дигар шахсони болаёқат
❗️Эзоҳ: иштирокчиён бояд протоколи аз даври якуми озмуни мазкур (муассисавӣ) гузаштагиро бояд дошта бошанд
____
? Вақт ва ҷойи баргузорӣ
• Муҳлати баргузорӣ: нимаи дуюми моҳи майи соли 2026
• Ҷойи баргузорӣ: (иловатан эълон мегардад)
____
? Тартиби иштирок
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
• ариза
• тарҷумаи ҳол
• 4 дона сурат (3х4)
• маълумотнома аз ҷойи таҳсил ё фаъолият
• нусхаи шиноснома
⏳ Ҳуҷҷатҳо на дертар аз 15 рӯз пеш аз оғози озмун қабул карда мешаванд.
____
⚠️ Шартҳои муҳим
• Ҳар як иштирокчӣ танҳо дар як номинатсия иштирок карда метавонад
• Ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври минбаъда роҳхат мегиранд.
____
☎️ Тамос барои маълумоти иловагӣ
Телефонҳо: 227-43-50, 906-88-61-61, 206-06-07-07
____
? Даъват
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи ҷавонони болаёқат, хонандагон, донишҷӯён намояндагони касбу кори гуногун ва ихтироъкоронро барои иштирок дар даври ноҳиявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» даъват менамояд.