ЭЪЛОН: ? ЭЪЛОН: ? ЭЪЛОН: ? ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
03.04.2026 09:50
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2026, №АП-951 ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатии баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рушди маърифати маънавӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Озмуни мазкур бо ҷалби доираи васеи аҳолӣ, аз ҷумла хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, аҳли илму адаб ва дигар намояндагони касбу кори гуногун роҳандозӣ гардида, барои дарёфти беҳтарин суханварону китобхонон заминаи мусоид фароҳам меорад.
НОМИНАТСИЯҲОИ ОЗМУН:
Озмун аз рӯйи 4 номинатсия баргузор мешавад:
• адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
• адабиёти классикии тоҷик;
• адабиёти муосири тоҷик;
• адабиёти ҷаҳон.
ГУРӮҲҲОИ ИШТИРОКЧИЁН:
Довталабон вобаста ба номинатсия ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
? Гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои (1–4);
? Гурӯҳи дуюм – хонандагони синфҳои (5–8);
? Гурӯҳи сеюм – хонандагони синфҳои (9–11) ва ибтидоии касбӣ;
? Гурӯҳи чорум – донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ;
? Гурӯҳи панҷум – омӯзгорон, ходимони илму адаб, муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
(Эзоҳ: дар номинатсияи «адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» гурӯҳбандӣ ба 4 зина, дар дигар номинатсияҳо ба 5 зина пешбинӣ гардидааст.)
ШАРТҲОИ ИШТИРОК:
• довталаб бояд асарҳоро берун аз доираи китобҳои дарсӣ мутолиа намояд;
• пешниҳоди осори манзум ва мансур (шеър, ҳикоя, достон ва ғ.) ҳатмӣ мебошад;
• баён, ҳифз, фаҳмиш ва қироати ифоданок ба инобат гирифта мешавад;
• донистани забонҳои хориҷӣ ва истифодаи онҳо бартарӣ дорад.
ТАРТИБИ БАРГУЗОРӢ:
Даври ноҳиявии Озмун дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ноҳияи Исмоили Сомонӣ нимаи аввали моҳи май баргузор мегардад ва ғолибон ба даври шаҳрӣ роҳхат мегиранд.
ДАЪВАТ:
Ҳамаи хоҳишмандон, хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар дӯстдорони китоб метавонанд барои иштирок дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи талаботи Низомномаи озмун ба Комиссияи ноҳиявии баргузории озмун ҳуҷҷатҳояшонро то санаи 20 апрел пешниҳод намоянд.
Муҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо 20 апрели соли ҷорӣ, соати 17:00.
Суроға: ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Шоҳтемур 29
ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ:
? 227-43-50
? 906-88-61-61
? 206-06-07-07