ЭЪЛОН: ? ЭЪЛОН:? ЭЪЛОН:?

14.03.2026 06:55

 
Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон, хонандагон, донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия расонида мешавад, ки ҷиҳати баргузор намудани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 3 марти соли 2026 таҳти №18 ба тасвиб расидааст.
Тибқи Низомномаи озмуни номбурда, даври ноҳиявии он аввали моҳи апрел баргузор карда мешавад.
Иштирокчиён тибқи Низомномаи озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:
1) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (иборат аз се зергурӯҳ):
- хонандагони синфҳои 1-4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- хонандагони синфҳои 5-8;
- хонандагони синфҳои 9-11 ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
2) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр,магистр);
3) омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳоиилмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои олимону донишмандоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ кори илмӣ ё дигар тадқиқот анҷом додаанд, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);
4) калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Барои маълумоти иловагӣ ва тартиби иштирок дар озмуни мазкур, хоҳишмандон метавонанд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат намоянд.
Рақами телефон барои маълумоти иловагӣ:
227-43-50; 906-88-61-61