МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

28.03.2025 07:57

 

1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансаби 2685,65 сомонӣ;
2. Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансабӣ- 2685,65 сомонӣ.
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансаби 1635,60 сомонӣ;
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе -1 ҷой, маоши мансаби 1635,60 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ тибқи шакли замимаи 1-и фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ»;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
- нусхаи шиноснома;
- маълумот оид ба таъқиби ҷиноятӣ, (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қать кардани парвандаҳои ҷиноятӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат:
Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мудир;
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ барои мудири шуъба;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ бароии шғоли мансаби мутахассиси пешбар ва мутахассис;
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш. Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.
Қабули ҳуҷҷатҳо:
Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.