МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

03.05.2024 11:34

 

1. Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ- 1479,45 сомонӣ.
2. Мудири бахши коммуналӣ ва тақсимоти манзили дастгоҳи Раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ- 1479,45 сомонӣ.
3. Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия-1 ҷой, маоши мансабӣ-1361, 20 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ
5. Мутахасси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ

Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиҚаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботи тахассусӣ
барои ишғолкунандагони мансаби мудир
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ барои мудири бахш;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиҚи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ
бароии шғоли мансаби мутахассиси пешбар
-таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи кор бо компютер.

Суроғаи Қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ш. Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

Қабули ҳуҷҷатҳо:
Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рӯз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.