Озмуни стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои солҳои хониши 2023-2024

31.01.2024 13:01

 
ЭЪЛОН!
ЭЪЛОН!
ЭЪЛОН!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озмуни стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомониро барои хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои солҳои хониши 2023-2024 эълон менамояд.
Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки ду соли охири соли хонишро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд, метавонанд иштирок намоянд.
Довталабон метавонанд, ба Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд.
• Ариза ба унвонии Раиси Комиссияи озмун
• Делои шахсӣ
• 4-дона расми 3×4
• Нусхаи шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд
• Нусхаи атестат
• Хислатнома
• Табели пешрафт 2 соли охир (70% аъло, 30% хуб)
• Нусхаи натиҷаи 2 соли охир аз журнал
• Қарори шӯрои омӯзгорон
• Нусхаи парвандаи шахсӣ аз муассиса бо табели баҳо.
Ҳуҷҷатҳо рӯйхат гардида, бо мактуби расмии муассиса ба унвонии Шуъбаи маориф ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод мегарданд.