НОМГЎИ мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ

23.05.2023 09:03

 

Р/т Номгўи мансаби холӣ Шумораи ҷой Маоши мансабӣ (сомонӣ)
1 Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Як ҷой 2719, 25
2 Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Як ҷой 1825,25
3 Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Як ҷой 1479,45
4 Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Як ҷой 1361,20
5 Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Як ҷой 1361,20
6 Мутахассиси пешбари бахши коммуналӣ ва тақсимоти манзили дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Як ҷой 1112,20
7 Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Як ҷой 913,00
8 Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Як ҷой 913,00

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
-тарҷҷумаи ҳол
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;
-нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
-маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).

Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ
Барои ишғолкунандагони мансаби категорияи маъмурии:

1. Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ-категорияи якум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм, 6 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятњои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
2. Мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - категорияи сеюм: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
4 сол собиқаи хизмати давлатӣ, 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
3. Мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ- котегорияи мансаби мазкур бо Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ, 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
4. Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ- категорияи панҷум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ,ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабиро таъмин карда метавонад таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ, 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- дониш ва малаки истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии кор бо кадрҳо;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа;
- малакаи кор бо компютер;
5. Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- категорияи панҷум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаб ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнати:
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
6. Мутахассиси пешбари бахши коммуналӣ ва тақсимоти манзили дастгоҳи Раиси ноҳия- категорияи чорум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаб ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ , 2 сол собиқаи умумии меҳнати:
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
7. Мутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия- категорияи ҳафтум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси омӯзгорӣ, иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ , 2 сол собиқаи умумии меҳнати:
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;
8. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия - категорияи ҳафтум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаб ишғолшаванда мувофиқ, иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-1 сол собиқаи хизмати давлатӣ , 2 сол собиқаи умумии меҳнати:
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагири раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ
мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиятҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер;

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шањри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоњтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми то 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.