НОМГЎИ мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

10.02.2023 08:44

 

Р/т Номгўи мансаби холӣ Шумораи ҷой Маоши мансабӣ (сомонӣ)
1 Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 1361,20
2 Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 913,00
3 Сармутахассиси бахши коммуналӣ ва тақсимоти дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 1361,20
4 Сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 1361,20
5 Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 1112,20
6 Мутахассиси пешбари бахши дин, танзим анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 1112,20

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;
-нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
-маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).


Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ

Барои ишғолкунандагони мансаби категорияи маъмурии:
1.Сармутахассиси – категорияи панҷум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ва 2сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;
2.Мутахассиси пешбар - категорияи шашум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;
3.Мутахассис - категорияи ҳафтум: таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер.


Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.