ЭЪЛОН:

01.02.2023 10:29

 

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки ҷиҳати баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат»» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 13 январи соли 2023, №5 ба тасвиб расид.
Иштирокдорони озмун ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
- хонанадагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);
- донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);
- омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию ададбии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷўён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои омўзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, докторони илм (анъанавӣ), аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияи соҳавӣ);
- калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2023 то моҳи декабри соли 2023 ба таври зайл гузаронида мешавад:
- даври якум – моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳо гузаронида шуда, масъулин баъди ҷамъбаст рўйхати ғолибони даври якумро тибқи протоколи ҷамъбасти ҳайати комиссияи муассисавӣ ба ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод менамоян.
Маълумоти муфассал оиди озмуни мазкур дар сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо номи «i-somoni.tj» нашр карда шудааст.