НОМГЎИ мансаби холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ
28.04.2022 10:06
Р/т Номгўи мансаби холӣ Шумораи ҷой Маоши мансабӣ (сомонӣ)
1 Мутахассиси пешбари бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1-ҷой 924,60
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро шахсан пешниҳод менамоянд:
-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» нишон додашуда;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
-тарҷумаи ҳол
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулк;
-нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
-маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
Талаботи тахассусӣ барои
ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ
Барои ишғолкунандагони мансаби категорияи маъмурии:
1.Мутахассиси пешбар - категорияи шашум: таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
-малакаи кор бо компютер;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Ш.Шоҳтемур 29, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо), телефон 221-28-56, факс 221-85-10.
Қабули ҳуҷҷатҳо:
Баъди нашри расмии эълон довталабон бояд дар давоми 21 рўз ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намоянд.
Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта баргардонида мешавад.