Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

18.08.2021 11:16

 
Санаи 17 августи соли 2021 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Ғолибони озмун бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври шаҳрӣ гардиданд. Мавриди зикр аст, ки даври ноҳиявии озмуни мазкур аз 29 то 31-уми июли соли 2021 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида шуда буд.