ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ
23.01.2026 08:02

Санаи 22 январи соли 2026, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Нигина, мудири шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ғанизода Зубайдулло, муовини сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҳамроев Хусрав, намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, Саидаҳмади Акрампур, волидайни хонандагони МТМУ №8, инчунин сокинони ҳудуди КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои №№1,2 ва маҳаллаҳои Ҳ. Аҳрорӣ ва Ҳ. Назаров иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор дода шуда, масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими институти оила, пешгирии амалҳои номатлуб, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, инчунин вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола баён гардидаанд, пешниҳодҳои мушаххас ироа шуда, аҳамияти Паём ҳамчун санади муҳими стратегӣ ва роҳнамои рушди минбаъдаи ҷомеа таъкид гардид.