ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОРМАНДОН ВА ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
06.01.2026 16:55

Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Наботзода Сиёвуш Холмурод, Шарипова Нигина Умаровна, бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қурбонзода Убайдулло бо кормандон ва фаъолони ноҳия баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот баромадкунандагон қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, ҳамчун давоми мантиқии Паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯйи бунёди ҷомеаи одилона, бо маърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амал кардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда то соли 2030 баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсондӯстона ва фарҳанги баланд аст.
Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин суҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида, дар ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.