БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "МАҲАЛ БА МАҲАЛ" БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ "АМИРШОЕВ" - И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05.01.2026 17:29

 
Имрӯз тибқи Нақшаи вохӯриҳои сохторҳои дахлдори ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони маҳаллаҳо ва КВД "Манзилхизматрасон"-ҳои ҳудуди ноҳия аз рӯи усули "Маҳалла ба маҳалла" дар самти ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идеологӣ ва тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2025, №16/10-123 ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2025, №805 "Дар бораи таҳким бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар ростои истиқболи шоиста аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2026" вохӯрии гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои ноҳия ва сохторҳои қудратӣ бо сокинони маҳаллаи “Амиршоев" баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки ҳадафи мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид инчунин фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", ки санаи 20 июни соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд ва оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии истифодаи нодурусти қувваи барқ, пешгирии фарҳанги бегона, маданияти шаҳрнишинӣ, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.