ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

31.12.2025 09:15

 
Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Наботзода Сиёвуш Холмурод, Шарипова Нигина Умаровна - муовни Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қурбонзода Убайдулло ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Саймукаррам Шарифзода ва Ғоибзода Меҳрангез бо сокинони маҳаллаҳои “М. Турсунзода”, “Шафтолузор”, “Фирдавсӣ” КВД “МХР” №1, ва омӯзгорони муассисаиболозикр баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот баромад кунандагон қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 садо дод, ҳамчун давоми мантиқии Паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлат ва ҷомеаи моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона,бо маърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амал кардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобастаба шароиту талаботи муосир муайян намуда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда то соли 2030 баррасӣ намуд.
Гуфта шуд, ки шиори «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсон дӯстона ва фарҳанги баланд аст.
Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳ парвар, башар дӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқ гардида, дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.