ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, РАИСИ КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ФАЙЗИДДИНЗОДА БУНАФША БО РОҲБАРОНИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО ВА ФАЪОЛОНИ ҲУДУДИ НОҲИЯ

19.12.2025 15:33

 
Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии навбатии Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор карда шуд.
Инчунин, дар вохӯрии мазкур Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ва Сарходими илмии маркази омӯзишии Мактаби давлатдории "Эмомалӣ Раҳмон" Гавҳар Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон ба ҳозирин муҳтавои нуқтаҳои асосии паём расонида шуда, инчунин ҷиҳати иҷри саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва саривақт иҷрои босифати бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба ин ҷашни бузурги миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд.