ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ҲУҶҶАТИ РАҲНАМО ВА БАРНОМАИ СОЗАНДАГИИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛАМОН АСТ

19.12.2025 15:33

 
Ҳамасола Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун санади сарнавиштсоз, барномаи фарогири сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳамчун дастури роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ пазируфта мешавад.
Паёми навбатӣ низ бо фарогирии амиқи масъалаҳои ҳаётан муҳим, таҳлили вазъи воқеии кишвар ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди устувор, бозгӯйи сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Роҳбари давлат дар роҳи таҳкими Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азизамон гардид. Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ неъматҳои бузургу бебаҳо буда, ҳифз ва таҳкими онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, тарбияи насли ватандӯст, соҳибмаърифат ва дорои ҳисси баланди масъулият дар назди давлату миллат ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии сиёсати давлатӣ муайян гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар Паём Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.
Дар Паёми худ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд.
Сарвари давлат дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номиданд.
Таъкид гардид, ки ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз руйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд.
Гуфта шуд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”, “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ”.
Ба андешаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Нуқтаи дигаре, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар ёдовар шуданд, ин ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки барои осон намудани дастрасии бахши хусусӣ ба захираҳо, хизматрасониҳои давлатӣ, иттилоот, воситаҳои арзони молиявӣ, технологияҳо ва донишҳо барои баланд бардоштани рақобатнокӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва таҳкими мавқеъ дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ тадбирҳои муассир андешида шавад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати кишварро вазифадор намуданд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 - 2030-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд.
Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорон ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҷдиду сохтмони роҳҳо, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, бахусус, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ тамоми масъалањои иҷтимоию иқтисодиро мавриди таҳлил қарор дода, барои рушди минбаъдаи он дастуру ҳидоятҳо доданд.
Бояд гуфт, ки зимни ироаи Паём ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз ҷумла ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз ва музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, супориш дода шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия карда шаванд.
Сарвари давлат дар Паёми худ таъкид намуд, ки соли 2026 барои мардуми кишвар соли таърихӣ - соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст. Аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Изҳори бовар карда шуд, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлол пешниҳод намуданд, ки соли 2026 - Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад.
Дар поёни суханрониашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик аҳлонаву сарҷамъона минбаъд низ ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон ва ободии Ватани азизамон заҳмат мекашанд.
Ин таъкиди Роҳбари давлатро мо масъулин ва сокинони шарафманди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, барои ободии Ватани азизамон саҳмгузор хоҳем шуд ва ҷашнҳои дар пеш истодаро бо сари баланд ва ифтихори миллӣ таҷлил хоҳем кард!
Руслан Қодирзода – Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе