МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
19.12.2025 15:29

Санаи 18 декабри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2025, №657 "Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе", санаи 10 декабри соли равон аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 даври ноҳиявии озмуни мазкур ташкил ва баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар озмуни мазкур зиёда аз 250 нафар иштирокчӣ аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо сабқат намуда, аз ин шумора 36 нафарашон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ғолиби даври ноҳиявӣ дониста шуда, ҳуқуқи дар даври шаҳрӣ иштирок намуданро пайдо намуданд.
Бо ин мақсад, имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни шаҳрии "Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе" бо иштироки Раиси комиссияи озмун, муовини Раиси ноҳия Манижабону Аминзода ва ҳайати ҳакамон доир гардид.
Нахуст муовини Раиси ноҳия баромад намуда, тамоми ғолибонро барои роҳхат ёфтанашон ба даври шаҳрии озмун аз номи Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб табрик намуда, ғолибон ва ҷоизадоронро бо мукофотпулӣ, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ намуданд.