БАРГУЗОРИИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

14.12.2025 14:15

 
Санаи 13 декабри соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон Душанбешаҳр бо иштироки Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, дар мавзеи муайянгардидаи Муассисаи давлатии "Боғи ғалаба ва нигоҳдории ҷангал"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маъракаи ниҳолшинонии дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз доир гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки ин иқдом ҷиҳати ободу зебо гардонидани дигар минтақаҳои ҳудуди ноҳия низ ба нақша гирифта шуда, тибқи тартиби муқарраргардида доир карда мешавад.