БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
21.11.2025 08:33

Санаи 20 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 октябри соли 2025, №656 "Дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", инчунин нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати сазовор таҷлил аз Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони сохторҳои қудратии ноҳиявӣ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони "Парчами Тоҷикистон - рамзи Ваҳдат ва ягонагии миллат" баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавиро муовини Раиси ноҳия - Манижабону Аминзода пас аз ба толор ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику муборакбод намуданд.
Сипас дар идома Шарипова Нигина Умаровна - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бобоев Фирӯз Абдунасимович - Сардори шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии "Маркази миллии қонунгузорӣ"-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба моҳияти Парчами давлатӣ ва зарурати арҷгузорӣ ба он ибрози назар намуданд.