БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
21.11.2025 08:28

Санаи 20 ноябри соли 2025 бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 октябри соли 2025, №663 "Дар бораи баргузор намудани озмуни "Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат" дар шаҳри Душанбе" ва иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 1 ноябри соли 2025, №146 "Дар бораи баргузор намудани озмуни “Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори МДТ "Литсейи №5"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба Истиқлоли давлатӣ, сулҳ ва ризоияти миллӣ, мактаби давлатдорӣ, ваҳдатофарӣ, инсондӯстӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст.
Ташкил ва баргузор намудани озмуни мазкур дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёт ва худшиносиву худогоҳии бештари мардум аз асли худ, шинохти миллӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди Модар-Ватан аз аҳамияти бузург буда, омӯзиши он хусусан ба насли наврас ва ҷавонон, ки бунёдгари фардои давлат ва миллат ҳастанд таъсири мусбӣ мегузорад.
Дар натиҷаи баргузории озмуни мазкур ғолибони даври ноҳиявӣ муайян гардида, барои иштирок ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.