ИДОМАИ ВОХӮРИҲО ТАҲТИ УНВОНИ "БА МУҚОБИЛИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ"
20.11.2025 07:51

Санаи 19 ноябри соли 2025 вобаста ба иҷрои нақша чорабиниҳои муштарак дар “Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷидзода Ҷамшед Сунатулло, сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ полковники милитсия Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои МИҲД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо падару модарон ва хонандагони синфи 8-11 вохӯрӣ баргузор намуданд.
Аз ҷониби баромадкунандагон дар доираи васеи масъалаҳои марбут ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифода аз корд, истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои изтиробангез мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба зарурати баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак, муқаррар намудани назорати доимӣ аз болои рафтору муносибат ва фаъолияти рӯзмарраи онҳо таъкид карда шуд. Инчунин, наврасон ба омӯзиши ба омӯзиши забонҳои русию англисӣ, рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, интихоби касб, риояи тарзи ҳаёти солим, иштирок дар чорабиниҳои маърифатию варзишӣ ва дурӣ ҷустан аз муҳити носолим раҳнамоӣ гардиданд.
Баромадкунандагон, атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ–экстремистӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхӯшӣ ва бозиҳои компютерӣ, истифодаи нушокиҳои спиртӣ, авбошии ноболиғон, истифодаи олотҳои халандаю бурранда ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин вохӯриву сӯҳбатҳои судманд дар дигар муассисаҳои таълимии ҳудиди ноҳия, низ ба нақша гирифта шудааст.