ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

15.11.2025 13:23

 
Ҳамдиёрони азиз!
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми сокинони ноҳия ва мардуми шарафманди Тоҷикистони азизро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, ба ҳар як фарди тоҷик тани сиҳат, умри дароз ва дар кору пайкорашон барору муваффақиятҳои беназирро таманно менамоям.
Дар таърихи 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд.
Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ - сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Шурӯъ аз соли 2016 инҷониб дар Тоҷикистони азизи мо рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи эҳтирому арҷ гузоштан ба заҳмату кӯшишҳо ва талошу азхудгузариҳои шахсияти таърихиест, ки тавонист дар масири давлатсозӣ намунаи мардумсолорию сиёсатмадорӣ, инсондӯстию таҳаммулпазирӣ, хирадмандию оқилӣ барои насли имрӯзу фардои ходимони сиёсию давлатии дохил ва берун бошад.
Таҷрибаю кордонӣ, ҳидоятгарию роҳнамоӣ, шуҷоату мардонагӣ ва маърифату фарҳанги Президенти мамлакатамон эътимоду боварӣ ва муҳаббату самимияти ҷомеаро ба ин шахсияти барҷастаи таърихию сиёсӣ афзун гардонда, бо ҷонибдориву иттифоқи кулли мардум ин фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат унвон гирифтанд, ки барҳақ, дастоварди бузурги миллати тоҷик дар марҳалаи кунунии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, тавассути ҷаҳду талошҳои пайвастаю хастанопазири роҳбарияти давлатамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба аъзогии як қатор созмонҳои минтақавию байналхалқӣ пазируфта шуд. Бинобар ин, меҳнатҳои пайваста ва заҳматҳои беминнати муҳтарам Пешвои миллат аз ҷониби халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, ҷаҳониён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо намуданд.
Иззату эҳтироми Пешвои миллат аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва созмонҳои минтақавию байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлати тоҷикон ва ҳусни таваҷҷӯҳи мардуми олам нисбат ба халқи шарифи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити кунунии ҷаҳони имрӯза ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар меҳвари асосии фаъолияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар тамоми ҷараёни давлатсозӣ, давлатдории навини тоҷикон қарор дорад.
Сарвари давлати тоҷикон дар ҳарду самт иқдомҳои муҳим ва тақдирсозро роҳандозӣ намуда, дар таҳкими истиқлолияти ғоявӣ, маънавӣ, иқтидори мудофиавии кишвар, таъмини якпорчагӣ ва дахлнопазирии сарҳад хизматҳои шоиста намуданд.
Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан, инчунин дар ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Бори дигар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яко яки Шумо ҳамватанони азиз самимона табрик намуда, ба ҳар хонадони тоҷик иқболу саодат, файзу баракат ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидониро орзумандам.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!