БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФ, ХОНАНДАГОН ВА ВОЛИДАЙНИ ОНҲО ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

21.10.2025 16:19

 
Санаи 17 октябри соли 2025, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминзода Манижабону ва Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Сафарзода Баҳриддин Сафар бо роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва волидайни хонандагон вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Ҳадаф аз баргузории мулоқоти мазкур, пеш аз ҳама таъмин намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва иҷрои талаботҳои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2017, №321 “Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ дар вақти шабона” , инчунин пешгирии ноболиғон аз ҳуқуқвайронкуниҳо, даст задан ба корҳои ношоям ва машғул шудан бо бозиҳои компютерӣ буда, масъалаҳои мазкур аз ҷониби баромадкунандагон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.