ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
03.10.2025 16:08

Либоси миллӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд. Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯз аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҷалби бонувон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аксияи “Тоҷикона мепӯшем” ташкил ва баргузор карда шуд.




