ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФУ НОМУС ВА РИСОЛАТИ ҲАР ЯК ҶАВОН АСТ

01.10.2025 17:35

 
Санаи 1 октябри соли 2025 бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025, №1071 "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ", дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии «Рузи даъватшаванда», маросими рӯзи аввали гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фазои тантанавӣ бо рақсу бозӣ зери садои карнаю сурнай зиёда аз 120 нафар ҷавонони ноҳия ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
Ба муносибати гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, навдаъватшудагон ва падару модарони онҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни баромади хеш Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба падару модарони навдаъватшудагон суҳбат намуда, ба онҳо барои тарбияи чунин ҷавонони шуҷову далер изҳори сипосу минатдорӣ баён намуданд.
Дар охир наваскарон дар фазои тантанвӣ бо як рӯҳияи баланди идона бо дуои неки падару модарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.