ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАҲОИ ВОЛЕЙБОЛ ВА ТЕННИСИ РӮИ МИЗ МИЁНИ КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТУ ИДОРА ВА МУАССИСАҲОИ ҲУДУДИ НОҲИЯ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ"

25.09.2025 18:11

 
Санаи 24 сентябри соли 2025 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе мусобиқаҳои волейбол ва тенниси рӯи миз миёни кормандони ташкилоту идора ва муассисаҳои ҳудуди ноҳия барои дарёфти "Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ" бахшида ба таҷлили ҷашни 34 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ доир гардида буд, ҷамъбаст гардид.
Дар ҷамъбасти мусобиқаҳо муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Манижабону Аминзода, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Саидумарзода Бобохон ва мудирони шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мусобиқа 14 даста аз намуди мусобиқаи волейбол ва 12 даста аз намуди мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни ҳам қувваозмоӣ намуда, дар натиҷа аз намуди мусобиқаи волейбол:
?ҷои якум ба дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
?ҷои дуюм ба дастаи волейболбозони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;
?ҷои сеюм ба дастаи Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Аз намуди мусобиқаи тенниси рӯи миз:
?ҷои якум ба дастаи КВД БА ҶТ "Амонатбонк";
?ҷои дуюм ба дастаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;
?ҷои сеюм ба дастаи Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Дар натиҷа ғолибон бо ҷом, медал, диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.