ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ

02.09.2025 16:03

 
Омӯзгорони муҳтарам,
Толибилмони азиз!
Имрӯз дар сар то сари кишвари ободу озоди мо Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти донишу маърифат ва арзишҳои маънавӣ бо як шукуҳӯ шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Ин санаро дар аксари кишварҳои ҷаҳон низ ҳамчун Рӯзи сулҳ қайд мекунанд, ки ин бесабаб нест. Зеро дониш ва сулҳ ба ҳам пайванд буда, оне ки соҳиби донишу хирад аст, ҳамеша барои сулҳу оромӣ ҷидду ҷаҳд мекунад.
Дар ин раванд ва бо истифода аз фурсати муносиб аҳли соҳаи маорифи ноҳияро, аз ҷумла омӯзгорону хонандагон, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, бо Рўзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил самимона табрику таҳният мегӯям.
Мусаллам аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеъа бе ривоҷи илму фарҳанг ва донишу технологияи пешрафтаи муосир ғайриимкон аст.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд сабақи гузаштаро омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.
Рисолати аслии омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.
Ҳамзамон, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни мулоқотҳояш бо кормандони соҳаи маориф ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқи монда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконияти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконоти молиявии мамлакат 22 маротиба музди меҳнати кормандони соҳаи маориф зиёд карда шудааст.
Ҳамзамон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 декабри соли 2024 дар ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудан, ки аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад.
Ин таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат бори дигар масъулини соҳаро водор месозад , ки дар кори худ баҳри тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва пешрафти илму техника ҳамаҷониба кӯшиш намоянд.
Аз ин хотир баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми омӯзгор дар ҷамъият, дарёфт ва тарбияи хонандагони боистеъдод, бузургдошти илму дониш, маърифату маънавиёт дар ҷомеа минбаъд низ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши навро касб кардааст. Умедворам, ки дар соли нави таҳсил тамоми донишомӯзон баҳри дар оянда як мутахассиси варзида шудан ва ба Тоҷикистони азизамон содиқона хизмат намудан, камари ҳимат мебанданд.
Дар охир бори дигар ҳамаи Шуморо омӯзгорону хонандагони азиз бо муносибати Рўзи дониш сидқан табрик намуда, сиҳатию саломатӣ, хонаи обод, азми матин ва комёбиҳои навинро дар ин шоҳроҳи беинтиҳои илму дониш орзумандам.
Рӯзи дониш муборак ҳамдиёрони азиз!