ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА САЗОВОР ТАҶЛИЛ НАМУДАНИ 34-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҲАЛЛАҲОИ ЗАРГАР, ПРОЕКТНАЯ ВА ГУЛИСТОН

30.08.2025 08:33

 
Санаи 27 августи соли 2025 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 17 июли соли 2025 дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баён доштанд, ки ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар дуртасттарин маҳаллла, шаҳрак ва деҳоти ҷумҳурӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шавад.
Бо ин мақсад, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар самти ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идеологӣ ва баргузории барномаҳои фарҳангию - фароғатӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ба тасвиб расида, дар доираи он аз ҷониби масъулини мақомот дар маҳаллаҳои Заргар, Проектная ва Гулистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир карда шуд.
Ҳамзамон, пеш аз оғози чорабинии мазкур миёни чавонони маҳаллаҳои болозикр мусобиқаи шоҳмоту шашка баргузор карда шуд.
Бояд иброз намуд, ки чунин чорабиниҳо дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардида идома хоҳанд ёфт.