ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ "МАҲАЛ БА МАҲАЛ" БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ "ЗАХМАТОБОД" - И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
23.08.2025 10:22

Санаи 22 августи соли 2025 тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштарак вохӯрии гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои ноҳия ва сохторҳои қудратӣ бо сокинони маҳаллаи "Захматобод" баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур иштирок доштанд:
Аминзода Манижабону - муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Бобохонзода Раҷабалӣ - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Ботуров Ёрмуҳаммад - муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, муовини Комиссари ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Бояд гуфт, ки ҳадафи мулоқоти мазкур, дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2024 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ироа гардид инчунин фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", ки санаи 20 июни соли 2024 бо тағйиру иловаҳои нав мавриди амал қарор гирифта буд ва оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии истифодаи нодурусти қувваи барқ, пешгирии фарҳанги бегона, маданияти шаҳрнишинӣ, корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлил намудани 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифтанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.