Истироҳатгоҳи «Шарора» дари худро кушод

01.07.2021 11:30

 
Санаи 29 июни соли ҷорӣ расман истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» дари худро барои толибилмони ноҳия кушод.
Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф дар ифтитоҳи он ширкат намуда, ба толибилмоне, ки барои фароғат фаро гирифта шудаанд болидаруҳӣ хоста, шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати комили Тоҷикистони соҳибистиқлол намуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф зикр кард, ки ҳамаи ин аз сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатпешаи Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, дар пайи дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷро гардидааст.
Имрўз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ имконият дорад, дар чор баст, беш аз ҳазор нафар толибилмонро ба фароғат фаро гирад. Барои ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат шумо хонандагони азиз бояд дар мактаб хуб таҳсил намоед ва фардо барои Тоҷикистони азиз хизмат намоед.
Дар 12 рўзи истироҳатӣ масъулини истироҳатгоҳ барномаҳои ҷолибро таҳия намуда, барои шавқовар гузаштани он ҳаргуна мусобиқаҳоро ба роҳ мондаанд.
Дар истироҳатгоҳ як ҳавзи шиноварӣ ва майдони варзишӣ фаъол буда, истироҳатгирандагон метавонанд мусобиқаҳои варзишии худро баргузор намоянд.
Дар кушодашавии истироҳатгоҳ барномаи фарҳангии ҷолиб низ пешниҳод гардид, ки хотири ҳозиринро шод гардонид. Дар ифтитоҳи истироҳатгоҳ як қисмат аз волидон низ ширкат намуда, аз шароити фароҳамовардаи истироҳатгоҳ изҳори минатдорӣ карданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Самӣ Шариф ба масъулин супориш дод, ки дар давоми фарогирӣ ба истироҳат қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ пурра риоя гардида, низоми фосилаи иҷтимоӣ ба роҳ монда шавад. Духтурон ба саломатии кўдакон диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар таъмини хўрока ягон мушкилие пайдо нашавад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта бинобар фарогирии бемории сироятии COVID-19 толибилмон натавонистанд аз истироҳатгоҳҳо баҳра баранд ва бо супориши Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ имсол дари истироҳатгоҳҳо ба рўи толибилмон боз карда шуд.