МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
30.07.2025 18:42

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами АП-710, аз санаи 23 то 26 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе" даври ноҳиявии озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён ва кормандони касбу кори гуногун аз рӯи ҳашт наминатсия иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар озмуни имсола зиёда аз 604 нафар иштирокчӣ аз рӯи номинатсияҳои дар низомнома пешбинишуда миёни ҳам сабқат намуданд, ки аз ин шумора 145 нафарашон аз ҷониби ҳайати ҳакамони босалоҳият ғолиби даври ноҳиявӣ дониста шуда, ҳуқуқи дар даври шаҳрӣ иштирок намуданро пайдо намуданд.
Бо ин мақсад, имрӯз дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ноҳияи Исмоили Сомонӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Илм-фурӯғи маърифат" доир карда шуд.
Нахуст, Аминзода Манижабону муовини Раиси ноҳия баромад намуда, тамоми ғолибонро барои роҳхат ёфтанашон ба даври сеюми озмун табрик намуданд.
Дар интиҳои маросим ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳо бо Сипоснома, тӯҳфа ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.