БАРГУЗОРИИ ВОХРӮРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

10.07.2025 16:06

 
Санаи 10 июли соли ҷорӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д.Р., муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода М. ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М. якҷо бо роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабии ҳудуди ноҳия (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) вохӯрӣ доир гардид.
Сараввал, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону бо гузориши таҳлилӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳаи маорифи ноҳия баромад намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои рисолати хизматӣ фаъолияти хешро содиқона иҷро намоянд.
Сипас, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур доир ба дурнамо ва тарзу усулҳои муосири таълим, ислоҳи мушкилоти соҳа ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти таълимии муассисаҳои ҳарду зина ибрози андеша намуда, аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки дар пешбурди фаъолияти пурмаҳсул масъулият ва ҷиддияти худро дучанд намуда, рушди муназзами соҳаро таъмин намоянд.
Дар охир, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим сухан намуда, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба соҳаи мариф ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Инчунин, бо овардани иқтибосот аз гуфтори наҷиби Пешвои муаззами миллат мавсуф зикр намуданд, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ, ин рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар равандҳои пуртаззоди ҷории замон роҳи санҷида ва бовариноки ҳимояи манфиатҳои миллиамон ин устувории низоми маорифи мамлакат мебошад.
Муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар охир иброз доштанд, ки аҳли маорифчиёни ноҳия гуфтаҳои болозикрро сармашқи кори худ қарор дода, дар оянда низ ҷиҳати пешбурди соҳа ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта боз ҳам ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.