БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИИ №8" ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
20.06.2025 15:20
Имрӯз, бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ "Дар бораи ташкил ва баргузор намудани Рӯзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо кормандони Муассиаи давлатии "Маркази саломатии шаҳрии №8"-и ҳудуди ноҳия мулоқоту вохӯрӣ доир карда шуд.
Зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва бояд ба қадри ин неъмат яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон якдилона камари ҳиммат бандем.
Ҳамзамон, пас аз анҷоми мулоқоти мазкур ба як қатор кормандони муассисаи болозикр Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.