САФАРБАРИИ БАСТИ ЯКУМИ ХОНАНДАГОН БА ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ “ШАРОРА”

12.06.2025 16:51

 
Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 майи соли 2025, N329 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2025” ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 майи соли 2025, N90 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2025” баҳри фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагон, ҷалби онҳо ба сайёҳиву солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ басти якуми истироҳати хонандагон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора” оғоз гардид.
Ҳамасола хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ин ҷо омада бо фароғату истироҳат давраи таътили худро сипарӣ менамоянд. Мувофиқи нақшаи рӯз истироҳати хонандагон оғоз аз машқи пагоҳирӯзӣ то оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муаяйни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқовар гузаронида мешавад.
Илова ба хонандагони ноҳия, ҳамзамон дар ҳар як баст ба 20 нафар аз тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад. Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати мавдои хӯроворӣ ва талаботиҳои дигар мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин, ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.