ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

05.06.2025 17:18

 
Ҳамдиёрони азиз,
Сокинони шарафманди ноҳия!
Фарорасии иди саиди Қурбонро, ки яке аз суннатҳои қадимаи мардуми мусалмон мебошад, ба хонадони ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям.
Мардуми шарифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи пойдор имрӯзҳо дар ҳамаи соҳаҳо содиқона заҳмат кашида, саъй доранд, ки Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонанд, анъанаву суннатҳои неки милливу мазҳабиамонро гиромӣ доранд, онҳоро пайваста такмил диҳанд ва ин сарвати бузурги маънавиро барои тарбияи наслҳои созандаи халқамон, аз ҷумла эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз таъсири ҳама гуна омилҳои манфӣ истифода намоянд.
Зеро, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи кишварамон мардуми мо имрӯз маросиму суннатҳои диниву мазҳабии худ, аз ҷумла фаризаҳои Иди саиди Қурбонро озодона ва бемамониат иҷро мекунанд.
Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ин иди саид таҷассумгари эътиқоду имон, ғояҳои олии некию адолату инсондӯстӣ, рамзи раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба атрофиён мебошад».
Аз ин ҷост, ки дар арафаи ин рӯзи саид аз ҷониби мақомоти давлативу соҳибкорон ва шахсони саховатпешаву хайрандеш садҳо нафар ятимону бепарасторон, барҷомондагон ва ба шахсони камбизоату эҳтиёҷманд кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Бо изҳори итминон ба ояндаи неки Ватани соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми сокинони ноҳияи Исмоили Сомониро бо фарорасии иди саиди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву босаодат ва суботу оромӣ орзу менамоям.
Иди саиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!