МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
04.06.2025 07:58
Санаи 3 июни соли 2025 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ноҳия, аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардид.
Бояд гуфт, ки озмун аз рӯи чор номинатсия баргузор гардида, дар рафти баргузори зиёда аз 300 нафар донишҷӯёну хонандагон, омӯзгорону кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуда, баъд аз ҷамъбасти натиҷаҳои озмун аз ҷониби аъзои ҳакамон аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо ҳамчун ғолиб муайян карда шуданд. Аз ин рӯ, баҳри ҳавасманд намудани ғолибони даври ноҳиявии озмун ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Диплому туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Инчунин, барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ба аъзои ҳакамон, кормандони соҳаи маориф, иштирокчиён ва он нафароне, ки дар рафти баргузории озмун мусоидат намуданд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намуда, дар кору фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳоро таманно намуданд.